Ба гузориши хабаргузории «Абна», рӯзномаи амрикоии «Ню Йорк Таймз» фош кард, ки CIA ба таври махфӣ як гурӯҳи вижаи корӣ дар Куба эҷод карда ва бар асоси гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз ин амалиёт, банақшагирӣ барои як корзари ҳамоҳангтар барои фишор овардан ба ҳукумати Кубаро оғоз кардааст. Ҳадафи ин фишорҳо, водоштани ҳукумати Куба ба татбиқи тағйироти иқтисодӣ, сиёсӣ ва тағйири роҳбарии кишвар мувофиқи талабот ва тағйироти дилхоҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико мебошад.
Ин манбаъҳо гузориш доданд, ки эҷоди ин гурӯҳ, CIA-ро қодир месозад, то захираҳои молиявӣ, инсонӣ, техникӣ ва қобилиятҳои худро бо суръати бештар ба ин ҷазира равона кунад. Ҳадафи ин амал, эҷоди шикоф дар миёни сиёсатмадорон ва нухбагони сиёсии Куба эълом шуда, то ин кишварро зери фишори бештар қарор дода ва афродеро, ки аз нигоҳи Амрико «зиддиамрикоӣ» ҳисоб мешаванд, аз қудрат барканор кунанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, ин гурӯҳ оғоз ба таъини афсарони амалиётӣ барои аз назар гузаронидан ва идораи ҷосусон, таҳлилгарони иттилоотӣ, афсарони иҷрои амалиёти электроникӣ ва инчунин афсарони мутахассис дар «амалиёти таъсиргузории махфӣ» кардааст.
Your Comment